«МАКТАБ МОБАЙЛ», «ОМӮЗГОР МОБАЙЛ». Дар Вазорати маориф ва илм платформаҳои рақамӣ муаррифӣ гардиданд

Апрель 28, 2022 09:05

ДУШАНБЕ, 28.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои ЮНИСЕФ платформаҳои рақамии «Сандуқчаи Зулбиё» (www.tomaktabi.tj), Китобхонаи электронӣ (www.marifat.tj), палатформаи омӯзишии рақамии «Мактаб Мобайл» (www.maktabmobile.tj) барои омӯзгорону хонандагон ва «Омӯзгор Мобайл» (www.omuzgormobile.tj) муаррифӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсад аз муаррифӣ- ин баррасии тарҳи палатформаҳои рақамӣ ва ҷустуҷӯи фикру мулоҳизаҳо барои беҳтар кардани сифати онҳо, банақшагирии қадамҳои оянда барои истифодаи платформаҳо ва баланд бардоштани иқтидори истифодабарандагон мебошад.

Дар ҷараёни муаррифӣ муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколи, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тебеи вазорат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ҷамшед Ҷӯразода иброз дошт, ки ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон ба хотири васеъ намудани имконоти маърифатии шаҳрвандон, рақамикунонии таҳсилот, тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкору навовар, инчунин барои мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рақамикунонии соҳаи таҳсилот, ба вуҷуд овардани шароит барои таҳсилоти фосилавӣ, татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017 ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз 26.10.2021,  Нақшаи фаъолияти якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) барои солҳои 2021-2022 лоиҳаҳои платформаҳои рақамиро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ намояд.


Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Абдураҳмон Гулзода палатформаи таълимии рақамӣ «Сандуқчаи Зулбиё» (www.tomaktabi.tj)-ро муаррифӣ намуд.

Ин платформаи рақамии таълимӣ барои таҳсилоти томактабӣ таҳия шудааст, ки барои мураббиён ва падару модарони кӯдакони то синни 6-сола маводи босифат дастрас менамояд. «Сандуқчаи Зулбиё» ҳамчун платформа барои рафъи холигӣ дар соҳаи маориф ҳалли наве пешниҳод намуда, омӯзиши босифат ва тағйирёбандаро дастгирӣ менамояд. «Сандуқчаи Зулбиё» натиҷаи ҳамкории ЮНИСЕФ, Майкрософт, Донишгоҳи Кембриҷ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мушкилот ва маҳдудияти дастрасии беш аз 1,5 миллион кӯдакони то 6-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти доимии босифат ва фарогирии ками кӯдакон дар саросари кишварро ҳал менамояд.

Ҳадафи Китобхонаи электронӣ (www.marifat.tj), ки аз тарафи мушовири маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии ТИК Гетигурд Рустамов муаррифӣ гардид, фароҳам овардани дастрасии осон ва кор бо нусхаҳои рақамии захираҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва муҳтавои мултимедиявӣ, аз қабили аудио ва видео мебошад. Китобхонаи мазкур ба эҳтиёҷоти таълим ва омӯзиш ҷавобгӯ буда, мушкилоти рушди бардавомро муайян менамояд. Он барои омӯзгорон ва хонандагон имкон хоҳад дод, ки захираҳои иттилоотӣ ва воситаҳоеро истифода баранд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва консептуалӣ дастнорас набуданд.

Ҳамзамон платформаи омӯзишии рақамии «Мактаб Мобайл» (www.maktabmobile.tj) барои омӯзгорон, волидайн ва хонандагон ва “Омӯзгор Мобайл” (www.omuzgormobile.tj) барои омӯзгорон муаррифӣ гардид, ки онҳо барои фаъолияти омӯзгорон, имконияти дастрас барои хонандагон ва огоҳии волидон аз таҳсили фарзандонашон муфид аст.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2022 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯён аз 32 давлати ҷаҳон таҳсил доранд
25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар ИМД эълон мегардад
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд