Маликшо Неъматзода ва Осама Маккави барои амалӣ намудани барномаҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд

Апрель 19, 2022 14:49

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Осама Маккави мулоқот намуд, ки мақсади он ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва амалинамоии барномаҳои муштарак мебошад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Маликшо Неъматзода оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар доираи шарикии иҷтимоӣ, масъалаҳои рушди меҳнати арзанда ба воситаи пешбарии муколамаи иҷтимоӣ бо корфармоёни ҷумҳурӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандон ва солимгардонии онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии меҳнатии кормандон, ташкил намудани чорабиниҳои солимгардонии кӯдакону наврасон дар мавсими таътили тобистона, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва кумакҳои амалӣ дар масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, ки ба ваколатҳои Иттифоқҳои касаба мансубанд, маълумот дод.

Зимни мулоқот Осама Маккави оид ба самтҳои фаъолияти намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда, қаноатмандии ҷониби намояндагиро аз ҳамкорӣ бо Ҳукумат ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаҳо баён дошт.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки фаъолияти дуҷонибаро муайян карда барои амалӣ намудани барномаҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

          АКС: ФИКМТ

Апрель 19, 2022 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид