Мария Захарова: «30 соли равобити дипломатӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири судманд гузошт»

Апрель 7, 2022 12:28

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сӣ соли сипаригардида аз барқарории равобити дипломатӣ миёни Москва ва Душанбе, ки 8 апрел таҷлил мешавад, ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири судманд гузошт. Корҳои муштарак дар ин давра имкон доданд, ки масъалаҳои муҳимтарини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва иртибототи фарҳангиву гуманитарӣ дар ҳамоҳангӣ ҳал карда шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар Москва зимни  нишасти хабарӣ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳори назар намуд.

«8 апрел ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишвари мо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Тайи се даҳсола фаъолияти пурсамари ду кишвар имкон дод, ки масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, иртибототи фарҳангиву гуманитарӣ, таҳкими иқтидори мудофиавӣ, амнияти Русия ва Тоҷикистон ҳамоҳанг карда шаванд, ки ин ба рушди муносиботи дуҷониба ва вазъияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири судманд расонид», — гуфт дипломат.


Вай зикр кард, ки ҷонибҳо «муколамаи ғании сиёсӣ» доранд. «Мулоқотҳои сарони давлатҳои мо ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар барномаҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама, дар СААД, ИДМ ва СҲШ мунтазам баргузор мешаванд. Машваратҳо тавассути роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, парлумонҳо, роҳбарони қариб ҳамаи вазорату идораҳо гузаронида мешаванд, — идома дод ӯ. — Кишварҳои мо ҳама гуна табъизро, ки ба нажод, забон ва дин вобастаанд, қатъиян маҳкум мекунанд. Онҳо ба кӯшишҳои сохтакории таърих ва аз нав навиштани натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон қатъиян муқобиланд».

Дипломат иброз дошт, ки ҳарду кишвар дастовардҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқиро, ки бар пояи муштараки манфиатҳо ва арзишҳои дӯстии қадимии ду кишвар асос ёфтаанд, қадр мекунанд.

АКСҲО: Вазорати корҳои хориҷии Русия/АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2022 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд