Музаффар Ашуриён: Дар низоми давлатдорӣ мақомоте, ки сиёсати ҳуқуқии давлатро амалӣ мегардонад, мақомоти адлия мебошад

Апрель 20, 2022 14:55

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бори аввал 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия таҷлил карда мешавад, ки ин рӯйдод ба санаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» рост меояд. Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар АШУРИЁН суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: — Роҳи тайнамудаи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи қонуният ва адолат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ  чӣ гуна буд?

Музаффар Ашуриён: — Бояд гуфт, ки танҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти беандоза муҳими истиқлолро барои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикистониён чунин баҳо додаанд: «Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”.

Яке аз комёбиҳои арзишноктарин дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ- ин амалӣ гардидани ислоҳоти ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Бояд гуфт, ки мақомоти адлияи кишвар  дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат саҳми арзанда дошта, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Таҷриба собит намуд, ки идоракунии сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат танҳо тавассути муқаррар намудани меъёрҳои муайян дар ин соҳаҳо, ки риояи онҳо барои ҳар узви ҷомеа ҳатмӣ мебошад, имконпазир аст. Вале муқаррар намудани меъёр ҳанӯз ҳалли масъала набуда, таъмини риояи меъёрҳои муқарраргардида вазифаи муҳимест, ки назорати доимӣ ва масъулияти баланд талаб мекунад. Дар низоми давлатдорӣ мақомоте, ки сиёсати ҳуқуқии давлатро амалӣ мегардонад, мақомоти адлия мебошад. Мақомоти адлияи тоҷик барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонид ва дар баробари он мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намуд.

Нақш ва мавқеи Вазорати адлия баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт.

АМИТ «Ховар»: — Тавре зикр кардед, яке аз комёбиҳои арзишноктарин дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ- ин амалӣ гардидани ислоҳоти ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Оид ба ин раванд дар кишвар каме маълумот медодед.

Музаффар Ашуриён: — Фаъолияти мақомоти адлия аз рӯи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа рушд ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тағйиру иловаҳо дар сохтори идоракунии Вазорати адлия бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани раванди меъёрэҷодкунӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва умуман рушди мақомоти адлия амалӣ гардиданд.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  ислоҳоти ҳуқуқӣ бомаром идома дорад. Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои муайян таҳия гардида, ҷиҳати ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани санадҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, амалигардонии ёрии ҳуқуқии ройгон ва дигар масъалаҳои вобаста ба тақвияти ислоҳоти ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 ва Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017-ро, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 тасдиқ карда шудаанд, метавон номбар кард.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 таҳия ва қабули Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолиро пешбинӣ намуда буд. Бо мақсади иҷрои саривақтии он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Мақсади Консепсия ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

Айни замон дар 34 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд. Соли 2021 аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба 9110 шаҳрвандон машварати ҳуқуқӣ пешкаш гардид.

АМИТ «Ховар»: — Муҳтарам вазир, мегуфтед, ки хусусияти хоси фаъолияти Вазорати адлия дар чӣ зоҳир мегардад?

Музаффар Ашуриён: — Яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ- ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд.

Қабул шудани Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон, ки воридкунандаи андеша, афкор, арзиш ва усули комилан нави давлатдорию ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, бори якум дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии кишвар зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ намуд. Таҳия ва қабули кодексҳои гражданӣ, меҳнат, манзил, ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва ғайра, ки поясутуни соҳаҳои ҳуқуқи марбута мебошанд, дар мазмуну муҳтавиёти хеш тамоми андешаҳои ҳуқуқи муосирро, ки онҳо аз умқи таърихи афкори мутараққии башар илҳом мегиранд, инъикос намуданд. Дар таҳия ва қабули ин санадҳо ва дигар санадҳои қонунгузорӣ Вазорати адлия саҳми бевосита дорад.

Бояд бигӯем, ки хусусияти хоси фаъолияти Вазорати адлия дар он зоҳир мегардад, ки он мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин сохти давлатию ҷамъиятӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молумулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки пешбурди фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ номгӯи ниҳоии фаъолияти Вазорати адлия набуда, ҳамчунин мутобиқи Низомномаи Вазорат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, вазифаҳои таъмини ҳуқуқии фаъолияти меъёрэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайди давлатӣ гирифтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, сабти давлатии санадҳои хислати умумиҳатмидоштаи вазорату идораҳои давлатӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро ба амал мебарорад. Ин аст, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳо андешида, ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ёрии амалӣ мерасонад.

Дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ  доираи фаъолият ва салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам такмил дода шуда, он ба яке аз мақомоти давлатии муҳим дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфт. Маҳз истиқлол саҳифаҳои навро дар фаъолияти низоми адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолат дорад, ки минбаъд низ сиёсати ҳуқуқии давлатро бо мақсади эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд батадриҷ пеш барад, то дар он ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар шаҳрванд ҳаматарафа ҳифз карда шавад.

 АМИТ «Ховар»: — Дар даврони соҳибистиқлолӣ бори нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он кадом самтҳоро муайян мекунад?

Музаффар Ашуриён: — Яке аз рўйдодҳои муҳими дигари соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ- ин бори нахуст таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур 20 апрели соли 2021 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти адлияро муайян менамояд.

Махсус бояд зикр кард, ки давлату Ҳукумати кишвар ба заминаҳои моддию техникии Вазорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Имрӯз дар вазорат ва сохторҳои он шумораи кормандон зиёд гардида, ҳоло зиёда аз 2000 хизматчии давлатӣ, ки аз онҳо қариб 500 нафар занон мебошанд, фаъолият доранд. Зимнан ҷавоншавии кадрҳо тамоюли устувор дошта, имрӯз дар дастгоҳи марказии вазорат шумораи онҳо аксари куллро ташкил медиҳад.

Вобаста ба устувор намудани заминаи моддию техникии соҳа ва бо биноҳои алоҳида таъмин намудани ниҳодҳои зерсохтории Вазорати адлия дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои адлия бунёд гардиданд, ки аксари онҳо бо ташаббус ва ширкати бевоситаи Пешвои миллат мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ба боз ҳам беҳтар намудани фазои мусоиди корӣ мусоидат намуд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси Вазорат 33 бинои маъмурӣ ба маблағи умумии 55 656 200 (панҷоҳу панҷ миллиону шашсаду панҷоҳу шаш ҳазору дусад) сомонӣ барои кормандони мақомоти адлия дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохта, ба истифода дода шуд.

Гуфтаҳои мазкур исботи онанд, ки самтҳои фаъолияти мақомоти адлия дар зарфи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ такмил ёфта, он дар амалисозии сиёсати ҳуқуқии давлат нақши босазо дорад.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

P.S. АМИТ «Ховар» кормандони мақомоти адлияро бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти адлия табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти касбишон комёбиҳои назаррас таманно менамояд.

Апрель 20, 2022 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад