Намояндагони Бруней Доруссалом ба Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе даъват шуданд

Апрель 25, 2022 13:25

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Вазири рушди Давлати Бруней-Доруссалом Дато Сери Сетиа Ир Аванг Ҳоҷӣ Суҳайнӣ бин Ҳоҷӣ Ғафор 23 апрел дар Ҷопон мулоқот карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардида, аз вазири брунейӣ даъват карда шуд, ки бо Тоҷикистон дар тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни 2022 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 дар Ню-Йорк ҳамкорӣ сурат гирад.

23 апрели соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва узвияти муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни 2022 дар Душанбе) Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки  дар шаҳри Кумамотои Ҷопон идома меёбад, иштирок намуд.

Сарвазири Ҷопон  Фумио Кишида маросимро ифтитоҳ намуд. Дар он ҳамчунин императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Индонезия, Филиппин, Науру, Шри-Ланка, Туркманистон, Камбоҷа, Тувалу, Лаос, Бутан, Ветнам, Бангладеш, Таиланд, Ниуэ, Ҷазираҳои Маршал ва муовини Сарвазири Узбекистон ба таври ҳузурӣ, мустақим ва паёми видеоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Саммит аҳамияти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк) дар баррасии масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ гардида, нақши Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар раванди омодагӣ ба баргузории он конфронс таъкид гардид.

Дар санади ниҳоии Кумамото пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо дарназардошти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ҳамчун идомаи фаъоли Тоҷикистон дар пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ қабул карда шудааст, дарҷ гардидааст.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 25, 2022 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд