ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Апрель 16, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  камабри бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои камабр пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 28+33  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9  дараҷа гарм,  рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20  дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12  дараҷа гарм,  рӯзона 22+27  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 16, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд