ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Вазидани чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа гарм, рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.
АКС: Дидор Саъдуллоев








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






