Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб”-ро ба истифода доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкор, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” Баҳриддин Сироҷов бо сарфи 1,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад, ки аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда, васлу насб карда шудааст. Тариқи хатҳои нави технологӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда шавад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Базеб” бештар аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Роҳбарияти коргоҳи нав нақша доранд, ки дар оянда истеҳсолотро афзун ва шумораи ҷойҳои кориро зиёд намоянд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, роҳбарият ва мутахассисони коргоҳро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ҳидоят намуданд.
Бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои пойафзолбарорӣ рӯз то рӯз ҳаҷми истеҳсолот зиёд мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат давоми моҳҳои январ ва феврали соли равон 17 корхона наздики 133 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли пойафзол дар ду моҳи аввали соли равон 46 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар мамлакат шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузор бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ коргоҳу корхонаҳои нав таъсис диҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи мамлакат коҳиш ёбад.









Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






