35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ноҳия сохтмони фабрикаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда идома дорад. Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 4 миллион сомонӣ дар марҳилаи аввал бунёд гардида, барои таъсиси 15 ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта шуд, ки бо ба истифода додани ин иншооти истеҳсолӣ имконияти рушди соҳибкорӣ дар деҳа низ густариш меёбад. Он инчунин ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кафтархонаи деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулло Неъматов ба маблағи 450 000 сомонӣ бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити беҳтари варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Сокинон ва наврасон бунёди майдончаи варзиширо бо хушнудӣ истиқбол карданд.
Ҳамчунин дар ин деҳа сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 идома дорад. Бинои иловагии муассиса бо озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ барои беш аз 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот сеошёна буда, аз 15 синфхона иборат хоҳад буд.
Сохтмони бинои иловагӣ ба фароҳам овардани шароити беҳтари таълим, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






