Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ «Амина-К»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина-К”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар масоҳати 11 гектар бунёд гардидааст.
Самти асосии фаъолияти корхона асосан парвариши мурғ барои истеҳсоли тухм мебошад.
Парвариши паранда ва истеҳсоли тухм бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти корхона ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ буда, аз кишварҳои Италия, Олмон ва Русия харидорӣ шудааст.
Айни замон дар корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми “Амина К” 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, роҳбарияти корхона имконият дорад боз 40 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.
Дар фермаи парандапарварӣ имконияти парвариши 500 ҳазор сар мурғ барои истеҳсоли тухм мавҷуд аст. Масъулини коргоҳ нақша доранд давоми се-чор соли оянда истеҳсоли тухмро ба 1 миллион дона дар як шабонарӯз расонанд ва истеҳсоли гушти парандаро ба роҳ монанд.
Солҳои охир дар кишвар афзудани чунин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти паранда имконият дод, ки бозори истеъмолӣ бо гӯшту тухми паранда таъмин гардад. Ҳамчунин воридоти тухм ва гӯшти паранда коҳиш ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки минбаъд низ шумораи чунин корхонаҳо дар вилоят зиёд карда шавад, зеро ин тадбир дар баробари ғанисозии бозори истеъмолӣ ҳамчунин ба танзими нархи тухм мусоидат карда, сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар вилояти Суғд 136 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 96 корхона тухм ва 40 корхона гӯшти паранда истеҳсол мекунанд.
Дар ду соли охир дар вилояти Суғд 60 корхонаи парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм мавриди истифода қарор дода шуд. Дар се моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои парандапарварӣ 170 миллион дона тухм ва 5 ҳазору 98 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 32 миллион дона тухм ва 1 ҳазору 774 тонна гӯшти паранда зиёд мебошад.









ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд






