Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ кишти зироат ва дигар корҳои саҳроӣ вусъат бахшида шаванд

Апрель 1, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон даъват намуданд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ кишти зироат ва дигар корҳои саҳроӣ вусъат бахшида шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Моҳи Рамазони имсола ба давраи оғози кишту кори баҳорӣ рост омад. Яъне мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, кишти зироат ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, дар шароити имрӯза тамоми кишоварзон ва ҳар оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ки манфиату самаранокии ин амал солҳои охир дар фаровонии бозори истеъмолӣ равшан дида мешавад, диққати аввалиндараҷа диҳанд.

«Мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имконияти зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем, — зикр карданд Пешвои миллат. — Зарур аст, ки аз ин имконият дурусту оқилона истифода барем, то ягон ваҷаб замин холӣ намонад ва барои рӯёнидани ҳосил истифода карда шавад».

Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки ин талаби замона ва тақозои рӯз мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироат сари вақт анҷом дода шавад, барои ҳосили фаровон замина гузошта шавад ва масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус, дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, фаромӯш нашавад.

«Мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд, — изҳор доштанд Президенти мамлакат. — Мо бояд чи дар моҳи Рамазон ва чи дар моҳҳои дигар софдилонаву аҳлона заҳмат кашем, ба хотири осоиши фарзандон, аҳли оилаи худ, ҳар як хонадони мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониву созандагиро тибқи ҳадафҳои муайянкардаамон беш аз пеш густаришу вусъат бахшем».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»