Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои марзиро танҳо бо роҳи осоишта метавонанд ҳал намоянд
ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро танҳо бо роҳи музокирот ҳал карда метавонанд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳри Исфара изҳори назар намуданд. Мулоқот дирӯз, 17 апрел дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд сурат гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳарчи зудтар бо роҳи гуфтушунид анҷом дода шавад. «Вале таъкид менамоям, ки ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, муҳлат ва заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад»,-зикр намуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат аз мардуми шаҳри Исфара даъват ба амал оварданд, ки бо ҳамсояҳои худ бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд. «Такроран таъкид менамоям, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигар вуҷуд надорад»,-изҳор доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин Пешвои миллат иброз намуданд, ки барои мардуми шаҳри Исфара делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ (яъне, ҳалли масъалаи сарҳадӣ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат зикр доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни ду кишвар гуфтушунидҳоро бо ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз карда буд. «То имрӯз дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ беш аз 170 мулоқоту гуфтушунид оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаи 20 соли фаъолияти комиссия аз 987 километри сарҳади байни ду давлат 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст»,-баён доштанд Президенти Тоҷикистон.
«Фаромӯш набояд кард, ки мо – тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё дар тӯли таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, солориву тамкин ва сабру таҳаммул ҳал кардаем»,-афзуданд Сарвари давлат.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 980 километрро ташкил медиҳад, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар он даҳҳо қитъаи баҳсбарангез боқӣ мондаанд. Дар бархе минтақаҳо гоҳ-гоҳ миёни сокинони маҳаллии ду тараф баҳсу муноқишаҳо ба амал меоянд. Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади умумии давлатӣ аз 5 то 10 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






