Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои марзиро танҳо бо роҳи осоишта метавонанд ҳал намоянд

Апрель 18, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро танҳо бо роҳи музокирот ҳал карда метавонанд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳри Исфара изҳори назар намуданд. Мулоқот дирӯз, 17 апрел дар доираи сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳарчи зудтар бо роҳи гуфтушунид анҷом дода шавад. «Вале таъкид менамоям, ки ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, муҳлат ва заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад»,-зикр  намуданд  Пешвои миллат.

Сарвари давлат аз мардуми шаҳри Исфара даъват ба амал оварданд, ки бо ҳамсояҳои худ бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд. «Такроран таъкид менамоям, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигар вуҷуд надорад»,-изҳор доштанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин Пешвои миллат иброз намуданд, ки барои мардуми шаҳри Исфара делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ (яъне, ҳалли масъалаи сарҳадӣ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат зикр доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни ду кишвар гуфтушунидҳоро бо ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз карда буд. «То имрӯз дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ беш аз 170 мулоқоту гуфтушунид оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаи 20 соли фаъолияти комиссия аз 987 километри сарҳади байни ду давлат 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст»,-баён доштанд Президенти Тоҷикистон.

«Фаромӯш набояд кард, ки мо – тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё дар тӯли таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, солориву тамкин ва сабру таҳаммул ҳал кардаем»,-афзуданд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 980 километрро ташкил медиҳад, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар он даҳҳо қитъаи баҳсбарангез боқӣ мондаанд. Дар бархе минтақаҳо гоҳ-гоҳ миёни сокинони маҳаллии ду тараф баҳсу муноқишаҳо ба амал меоянд. Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади умумии давлатӣ аз 5 то 10 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома дорад
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид