ПЕШВОИ МИЛЛАТ- НАМУНАИ ИБРАТ. Мулоҳизаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Дайджест Press» дар ҳошияи Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон ба муносибати моҳи Рамазон
ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ғамхории ҳамаҷониба нисбат ба шаҳрвандони кишвар бори дигар ба мавзӯи асосии Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфт, гуфтааст сармуҳаррири рӯзномаи «Дайджест Press» Сироҷиддин Изатуллоев дар маколае, ки дар шумораи имрӯзаи рӯзнома нашр шудааст.
«Моҳи Рамазон инсонро ба таҳаммулпазирӣ, қаноатмандӣ, меҳру шафқат, хайрхоҳӣ ҳидоят намуда, имону иродаи ӯро қавӣ ва олами ботину берунро пок мегардонад,- иқтибос меорад Сироҷиддин Изатуллоев аз суханони Сарвари давлат. Дар ин моҳи муборак дар баробари риояи аҳкоми динӣ анҷом додани корҳои хайр, аз ҷумла хайру садақа, дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, камбизоатон ва ниёзмандон аз хислатҳои шоиста ва инсонии ҳар як мусалмони худотарс маҳсуб мешавад».
Баъдан муаллифи ёддоштҳо менависад: «Президент Эмомалӣ Раҳмон дар раванди идораи кишвар ҳамеша ба ташаккули ахлоқи истисноӣ, сарфакорӣ ва поквиҷдонӣ дар байни аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Ташаббусҳо оид ба такмили ахлоқи миллӣ, решакан кардани шахспарастӣ ва исрофкорӣ, пеш аз ҳама, ба иттиҳоди миллат хидмат мекарданд».
Ба гуфтаи сармуҳаррири нашрияи «Дайджест Пресс», воқеан ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, вақте ки моро даъват мекунанд дарси таърихро фаромӯш накунем. «Манфиатҳои ҷамъиятиро аз манфиати худ болотар гузоштан лозим аст… Ҳар рӯз мо бояд кӯшиш кунем, ки кори муфиде барои кишвару мардум кунем, зеро ояндаи ҳар инсон дар ояндаи умумист. Моҳи Рамазон вақти корҳои хайр аст», — иброз медорад Сироҷиддин Изатуллоев.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар». АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






