«ПИСАРАМ БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАД!». Чунин иброз дошт модари даъватшаванда дар ноҳияи Муъминобод
ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида Рӯзи даъватшаванда ҷамъомади идона доир гардид, ки дар он ҷавонони синни аз 18-сола боло ҳамроҳи волидони худ бо мақсади хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре комиссари ҳарбии ноҳия, подполковник Самандар Саидмуминзода иттилоъ дод, айни ҳол ба комиссариати ҳарбӣ 30 нафар ҷавон бо аризаҳои худ ворид гардида, марҳила ба марҳила нақшаи дар пешистода иҷро мегардад, ки шумораи онҳо 142 нафарро дарбар мегирад.
Даъватшаванда, истиқоматкунандаи деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд Саидҷони Файзалӣ изҳор дошт, ки «ман бо аризаи худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудам ва мехоҳам, ки ба Ватанам содиқона хизмат намуда, марзу буми онро ҳимоя намоям».
Модари даъватшаванда, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод Рупиямо Сатторова изҳор дошт, ки « писари дуюмамро ба сафи Артиши миллӣ гусел мекунам ва боварӣ дорам, ки писарам содиқона хизмат намуда, Ватани азизамонро ҳимоя менамоям».

Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода изҳор дошт, ки имрӯз бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қисмҳои низомӣ бо шароити хуб муҳайё мебошад.
Ӯ инчунин афзуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмарди асил ба шумор рафта, ҳар як ҷавонро зарур аст, саҳми худро дар ҳимояи марзу буми он гузорад.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ волидон фарзандони худро бо савту наво ва хушнудӣ ба қисмҳои низомӣ гусел намуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






