Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистонро ба истифода доданд

Апрель 15, 2022 12:55

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкади илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов, Комилҷон Комилов ва Насим Нуриддинзода бунёд карда шуд.

Бинои таълимӣ аз 5 ошёна, таҳхона, 67 синфхонаи таълимӣ, 8 озмоишгоҳи фаннӣ, 20 ҳуҷраи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ ва китобхона бо 4 ҳазору 200 китоби илмию бадеӣ, китобхонаи электронӣ бо 209 ҳазор китоб иборат мебошад.

Донишкадаи навтаъсиси илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имконият дорад, ки 2 ҳазору 600 нафар донишҷӯро ба таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи 21 ихтисоси замонавии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба таҳсил фаро гирад.

Бо ифтитоҳи донишкада 80 устод ва корманди техникӣ бо ҷойи кор ва шароити мусоиди фаъолият таъмин шуданд.

Дар шафати бинои таълимӣ толори варзиш барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футболи хурд мавҷуд аст.

Донишкадаи мазкур дар заминаи эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баҳри омӯзиши мукаммали ин фанҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон таъсис дода шудааст.

Истифодаи васеи тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва дигар васоити муосири техникӣ дар ҷараёни таълим яке аз омилҳои самарабахшии дарсҳо мебошад. Донишкада дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ буда, барои таълиму омӯзиши фанҳои дақиқ ба таълимгирандагон беш аз 60 нафар омӯзгор, аз ҷумла профессорон, докторон, номзадҳои илм ва омӯзгорони ботаҷриба ҷалб карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни таълим дар донишкада пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Барои омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷӯёни хориҷа шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Пояҳои моддиву техникии донишкада бо технологияҳои инноватсионӣ мустаҳкам буда, 140 адад компютер, 21 тахтаи электронӣ, 60 тахтаи синфӣ, 110 камераи назоратӣ, 21 проектор, 30 принтер, 20 ноутбук барои омӯзгорони ҷавон ва дигар воситаҳои таълимӣ аз шароиту имконияти муосир барои таҳким бахшидани таълиму тарбия мебошад. Ҷараёни таълим дар ҳамаи синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ назорат ва таҳлил карда мешавад.

Алҳол дар донишкада факултети фанҳои дақиқ ва технологияи инноватсионӣ, факултаи муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо 4 кафедраи тахассусӣ ташкил гардида, кафедраи донишкадавии фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ амал мекунад. Ҳамаи синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайвастанд.

Дар назди донишкада курсҳои омӯзишӣ, чун забономӯзӣ ва омода намудани довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.

Донишкада бо муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Узбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 15.04.2022

Апрель 15, 2022 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад