Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 март мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги ФР Олга Любимова баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо имконияти ташкили маҷмӯи чорабиниҳои муштараки фарҳангиро бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар соли 2022 иброз намуданд.
О.Любимова омодагиашро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба барои истифода ва таблиғи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва Русия изҳор дошт.
Д. Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобит миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ карда, гуфт, ки табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. Дар зимн, зарурати баргузории намоишгоҳҳои осори санъати муосир, сафарҳои ҳунарии ҳайатҳои мусиқӣ ва театрии ҳарду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар, инчунин иштирок дар чорабиниҳои мухталифи байналмилалии фарҳангӣ таъкид гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд






