РОҲИ САФЕД! Шурӯъ аз имрӯз автобусҳо аз Тоҷикистон ба Узбекистон аз рӯи хатсайрҳои нави таҷрибавӣ ба ҳаракат медароянд

Апрель 2, 2022 14:45

ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Холдинг Азия Групп Тоҷикистон» ба як қатор шаҳрҳои Узбекистон хатсайрҳои таҷрибавии автобусҳои байналмилалиро ба роҳ мемонад, хабар дод маркази матбуоти ширкат ба АМИТ «Ховар».

Шурӯъ аз 2 апрел миёни Душанбе-Тирмиз, Душанбе-Деҳнав ва Панҷакент-Самарқанд ҳаракати автобусҳо роҳандозӣ мешавад.

Ҳамин тавр, аз Душанбе то Тирмиз метавон бо тай кардани 251 километр дар зарфи 5 соату 40 дақиқа рафт.

Мусофирон аз Душанбе ба Деҳнав дар 2 соату 25 дақиқа расида метавонанд. Дарозии ин маршрут 107 километр хохад шуд.

Аз Панҷакент то Самарқанд метавон тезтар расид — 1 соату 25 дақиқа (64 километр).

Бояд тазаккур дод, ки ҳоло байни Узбекистон ва Тоҷикистон низ дар хатсайрҳои «Тошканд – Хуҷанд» ва «Қӯқанд – Хуҷанд» хатсайрҳои мунтазами автобусҳо ба роҳ монда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 15 майи соли 2018 автобусҳо байни ҳарду кишвар дубора ба ҳаракат даромаданд. Аммо бинобар пандемия ҳаракати автобусҳо  аз 16 марти соли 2020 қатъ гардид. Маҳдудиятҳо аз 1 сентябри соли гузашта дубора  тадриҷан бардошта шуданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2022 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон