«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд дуюмин фестивали вилоятӣ пуршукӯҳ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Темурмалик-и шаҳри Гулистон дуюмин фестивали вилоятии «Сайри гули лола» пуршукӯҳ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар фестивали мазкур сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Нурмуҳаммад Мирзозода иштирок намуданд.
Меҳмонон аз растаҳои намоиши дастранҷи аъзои маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуда, ба кори эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят баҳои баланд доданд. Ҳамзамон дар канори боғ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Лолаи хушранги Тоҷикистон» баргузор гардида, иштирокчиёни озмун маҳорати рассомии хешро пешниҳод намуда, дар мавзӯи муайянгардида расм кашиданд.
Сипас барномаи рангини фарҳангии аъзои маҳфилҳои бадеии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шуд.

Хонандагон либосҳои тарҳрезинамудаи худро дар акси лола муаррифӣ намуда, ҳамзамон дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Наврӯз, лола шеъру сурудҳо қироат намуданд.
Воқеан боғи мазкур, ки бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш мавриди истифода қарор дода шуда буд, ба базмгоҳи шодиву сурури кӯдакон мубаддал гардид. Ҳамзамон кӯдакон аз имконияти боғи мазкур истифода намуда, хушҳолӣ карданд.
Дар хатми фестивал иштирокчиёни фаъол бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд. Дар даври вилоятии озмун беш аз ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таълими шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






