Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Зебо» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Зебо” оғоз бахшиданд.
Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдунабӣ Қуддусов бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Зиёда аз 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки дар коргоҳи нав бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, бо истифода аз ашёи хоми дохилӣ асосан барои бонувони шаҳр сару либоси миллӣ медӯзанд. Дар вақти омода кардани либосҳои миллӣ ҳунари гулдӯзӣ васеъ истифода мешавад.
Дар коргоҳи нав дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ва корӣ ҳам ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.
Тибқи маълумоти масъулон дар як сол коргоҳ имкон дорад, ки бештар аз 10 ҳазор маҷмуи либоси ягонаи мактабӣ, корӣ ва барои бонувон номгуи зиёди либоси миллиро бо сатҳу сифати баланд дӯхта, пешниҳод намояд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ барои дӯхти сару либоси ягонаи мактабӣ ва корӣ аллакай бо якчанд муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳои шаҳр шартномаи ҳамкорӣ бастааст ва шурӯъ аз имрӯз коргарон ба иҷрои фармоиш оғоз мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.









Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






