Сел дар Панҷакент ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинон зарар расонд
ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари борони пуршиддат соати 18:10 дақиқаи 23 апрел дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел омада, ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинон зарар расонд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, бар асари борони пуршиддат селроҳаи Заврон аз об пур шуда, лойқа пули деҳаро, ки дар километри 64 роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент воқеъ мебошад, пӯшонд ва роҳ муваққатан баста шуд.
Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ техника ва кормандони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Ҳоло роҳ пурра аз лойоба тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардидааст.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Маълум шуд, ки ин лойоба ба 48 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати Лоиқ Шералӣ зарар расонда, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро пӯшонидааст. Сел талафоти ҷонӣ надошт.
Дар айни замон Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба қароре омадаанд, ки барои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳал ва техника ташкил кунанд.
АКС: КҲФ ва МГ








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






