Сел дар Панҷакент ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинон зарар расонд

Апрель 25, 2022 16:25

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари борони пуршиддат соати 18:10 дақиқаи  23 апрел  дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел омада, ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинон зарар расонд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, бар асари борони пуршиддат селроҳаи Заврон аз об пур шуда,  лойқа пули деҳаро, ки дар километри 64 роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент воқеъ мебошад, пӯшонд ва  роҳ муваққатан баста шуд.

Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ техника ва кормандони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Ҳоло роҳ пурра аз лойоба тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардидааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Маълум шуд, ки ин лойоба ба 48 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати Лоиқ Шералӣ зарар расонда, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро пӯшонидааст. Сел талафоти  ҷонӣ надошт.

Дар айни замон Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба қароре омадаанд, ки барои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳал ва техника ташкил кунанд.

АКС: КҲФ ва МГ

Апрель 25, 2022 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид