Шаҳбоз Шариф сарвазири нави Покистон интихоб гардид

Апрель 12, 2022 14:29

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҳизби «Лигаи мусулмонони Покистон» Шаҳбоз Шариф  сарвазири нави Покистон интихоб гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Associated Press Pakistan.

Овоздиҳӣ рӯзи душанбе, 11 апрел дар Маҷлиси Миллӣ (палатаи поёнии парлумони Покистон) баргузор шуд. 174 нафар вакилон ба тарафдории номзад аз блоки мухолифон овоз доданд.

Ҳамин тариқ, Шаҳбоз Шариф 23-юмин сарвазир дар таърихи Покистон гардид.

Шаҳбоз Шариф 70-сола буда, бародари хурдии Навоз Шариф, ки се маротиба мақоми сарвазири Покистонро касб карда буд, мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 12, 2022 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд