ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ. Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2022 масъулин ба Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи Тоҷикистон тақдим гардидааст.
Ҳамин тариқ, китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров дастраси ҳар як хонаводаи тоҷик гардид. Китобро «Нашриёти муосир» бо теъдоди 1 600 000 нусха ба сифати баланд чоп кардааст, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори Нашриёти муосир Талабшоҳи Олимҷон.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, то аввали соли 2021 дар Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор хонавода зиндагӣ мекунанд. Шумораи умумии ахолии мамлакат бошад ба 9 миллиону 361 хазор нафар расидааст.
Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат тибқи дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2019 ироашуда нашр шудааст.


«Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. — изҳор намуда буданд Пешвои миллат се сол қабл дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат. — Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Ба зикри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
«Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. — иброз доштанд Сарвари давлат. — Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» – ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд».
Ҳамзамон ба Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо дастур дода шуд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.
«Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза, ки ҳар як сокини ҷомеа беш аз пеш ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ ниёз дорад, нашри ин асари барҷаста ва паҳн намудани он дар миёни мардуми кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат буда, дар густаришу таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо мусоидат хоҳад кард.
Зарангези ЛАТИФ,
Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»











Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт






