ТОҶИКИСТОН — ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ ПЕШҚАДАМИ ПЕШБАРАНДАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ИДМ. Ба чунин хулоса омадааст созмони бритониёии Abbey Care Foundation

Апрель 20, 2022 16:11

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони бритониёии Abbey Care Foundation раддабандии шумораи афроди аз машрубот вобастаро дар 182 кишвари ҷаҳон нашр кардааст. Тоҷикистон дар миёни ин раддабандӣ қарор дорад: ҷумҳурии мо миёни занони аз машрубот вобаста ҷои 92 ва дар байни мардон ҷои 102-ро ишғол мекунад. Ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки миёни кишварҳои ИДМ низ мебошад.

Муаллифони раддабандӣ баландтарин мизони майзадагӣ дар Осиёи Марказиро дар Қазоқистон сабт кардаанд, ки миёни занон дар мақоми 11-ум ва миёни мардон дар мақоии 19-ум ҷойгузин гаштааст.

Пас аз Қазоқистон дар минтақа Қирғизистон бо ҷойи 98-ум дар байни мардон ва ҷойи 89-ум миёни занон қарор дорад. Узбекистон миёни мардон дар зинаи 110 ва миёни занон дар зинаи 101-ум ҷой грифтааст.

Аз ҳама кишвари машруботистеъмол накунанда дар Осиёи Марказӣ Туркманистон номбар шуддааст, ки миёни мардон ҷои 13-ум ва миёни занон ҷои 115-умро ишғол намудааст.

Ҷойҳои аввалро дар раддабандӣ миёни мардон Русия, Маҷористон ва Литва, миёни занон Австралия, Русия ва Колумбия соҳиб шудаанд.

Таҳлилгарон зикр мекунанд, ки тибқи натиҷаҳои моҳҳои январ-феврали соли 2021, истеҳсоли арақ дар сегменти маҳсулоти машруботӣ дар Қазоқистон 60,3% афзуда, то 5,7 миллион литрро ташкил додааст. Истеҳсоли коняк низ мусбат аст — 6,3 фоиз, то 1,8 миллион литр. Истеҳсоли вино назар ба як соли пеш 3,5 фоиз кам шуда, ба 2,7 миллион литр расидааст; оби ҷав — 2,5 фоиз кам шуда, ба 91,1 миллион литр расидааст. Тибқи натиҷаҳои гузориш, аз рӯи ҳисоботи моҳи март нӯшокиҳои спиртӣ дар як сол 9,6% қимат шудаанд.

Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 50 ҳазор декалитр нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол шудаанд, ки нисбат ба соли 2020 14% камтар аст.

Бар хилофи қолаби маъмул, на ҳама мардумони кишварҳои собиқи пасошӯравӣ майнӯшони ашаддии сайёраанд, аз ҷумла русҳо, украинҳо ва беларусҳо. Ин далелро гузориши охирини ҷаҳонӣ оид ба истеъмоли машруботи спиртӣ дар ҷаҳон Global status report on alcohol and health 2018, ки онро Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) 21 сентябри соли 2018 пешниҳод кардааст, тасдиқ мекунад. Дар даҳгонаи аввали раддабандии кишварҳои аз ҳама зиёд машрубот истеъмолкунанда танҳо се намояндаи собиқ ИҶШС- Молдова, Литва ва Латвия ҳузур доштаанд. Дар гузоришҳои шабеҳи қаблии ТУТ дар солҳои 2005 ва 2010 Русия ва Украина дар ТОП-5-и кишварҳои аз ҳама зиёд машрубот истеъмолкунандаи ҷаҳон қарор доштанд.

Мутаассифона, дар натиҷаи истеъмоли аз ҳад зиёди машрубот дар сайёраи мо ҳар сол қариб 3 миллион нафар одамон ҳалок мешаванд, ки аз чор се ҳиссаи онҳо мардон мебошанд. Дар маҷмӯъ, нӯшокиҳои спиртӣ ҳадди ақалл 5% бемориҳои марговарро ба вуҷуд меоранд.Ба дигар оқибатҳои манфие, ки ба гирифторӣ ба машрубот бурда мерасонанд, зӯроварӣ, осеби равонӣ, бемории равонӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Дар бархе кишварҳои умдатан мусалмон, ба мисли Арабистони Саудӣ ва Эрон машрубот комилан мамнӯъ аст. Дар дигар кишварҳо меъёр ва маданияти истеъмол битамом фарқ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тайи 20 соли охир бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ тадбирҳои зиёди муҳиму муассир амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 202 Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардида, амалӣ карда мешавад. Барнома ба такмили ҷараёни пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси шарикӣ бо ҷомеа, баланд бардоштани масъулият барои саломатии худ ва атрофиён нигаронида шудааст.

«Дар оянда мо бояд ба оммавияти варзиш, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои беҳбуди саломатии аъзои ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем», — таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш ба Парлумони Тоҷикистон.

Бо супориши Сарвари давлат ҳукумати Тоҷикистон қатъиян ба решакан кардани одатҳои бади аҳолии ҷумҳурӣ машғул шуд: шумораи тамокукашон, майнӯшҳо, шаҳрвандони фарбеҳ дар кишвар якбора кам шуд.

Соли 2018 Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои таъмини тарзи ҳаёти солим дар кишвар бо медали тилло сарфароз гардонид.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 20, 2022 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд