«ВАТАНПАРВАР». Маҳз чунин мусобиқот имкон медиҳанд, ки ҷавонон маҳорату малакаи ҳарбӣ-варзишии худро такмил диҳанд
ХОРУҒ, 22.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва бошгоҳи варзишию техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» дар қисми низомӣ баргузор гардид, ки дар он муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Шуғнону Рӯшон, Роштқалъаву Ишкошим ширкат намуданд. Мусобиқа бо ғалабаи дастаи шаҳри Хоруғ анҷом пазируфт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Иштирокчиёни озмун миёни ҳам оид ба намудҳои сафороӣ, ҷудо ва ба ҳам пайвастани ҷузъҳои автомати Калашников, тирпаронӣ, дорбозию танобкашӣ ва амсоли инҳо рақобат намуданд.
Мудири шуъбаи сайёҳии Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ҳуснигул Шерозова гуфт, ки «яке аз ҳадафҳои асосии мусобиқаи мазкур- ин баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ба хизмати Ватан-Модар омода намудани насли наврас мебошад».
Дар мусобиқаи вилоятӣ ба ҷуз ноҳияи Мурғоб дигар аксари муассисаҳои таълимии вилоят ширкат намуда, миёни ҳам аз намудҳои мухталифи бозиҳои варзишӣ-ҳарбӣ рақобат карданд.
Шарти аввали мусобиқа сафороӣ буд, зеро хизмати ҳарбии худро наваскарон дар кулли қисмҳои низомӣ маҳз бо сафороӣ оғоз мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар ҷавон пеш аз сафарбар шудан ба хизмати ҳарбӣ бо қадамзании бонизом, иҷрои амрҳои афсарон бояд аз наздик шиносоӣ дошта бошад. Маҳз чунин мусобиқаҳо имконият фароҳам меоранд, ки ҷавонон дониш ва маҳорату малакаи худро такмил диҳанд. Агар наврасон то хизмати ҳарбӣ доир ба тарзу амали сафороӣ ва дигар намудҳои ҳарбӣ-варзишӣ маълумоти ибтидоии назариявию амалӣ дошта бошанд, мушкилоти давраи аввали хизмати ҳарбиро ба осонӣ пушти сар мекунанд.
Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Хоруғ, ки асосан аз хонандагони Муассисаи давлатии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ иборат буд, ба поён расид.
Зимни супоридани ифтихорнома ва мукофоти пулӣ роҳбарони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба масъулини Бошгоҳи варзишию техникӣ, комиссириати ҳарбии вилоят, афсарони қисми низомӣ ва омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмун минатдорӣ баён карданд.
Изҳори умед карда шуд, ки дастаи мунтахаби шаҳри Хоруғ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ низ маҳорату истеъдоди баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ мегардад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад






