«ВАТАНПАРВАР». Маҳз чунин мусобиқот имкон медиҳанд, ки ҷавонон маҳорату малакаи ҳарбӣ-варзишии худро такмил диҳанд

Апрель 22, 2022 10:06

ХОРУҒ, 22.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва бошгоҳи варзишию техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» дар қисми низомӣ баргузор гардид, ки дар он муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Шуғнону Рӯшон, Роштқалъаву Ишкошим  ширкат намуданд. Мусобиқа бо ғалабаи дастаи шаҳри Хоруғ анҷом пазируфт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Иштирокчиёни озмун миёни ҳам оид ба намудҳои сафороӣ, ҷудо ва ба ҳам пайвастани ҷузъҳои автомати Калашников, тирпаронӣ, дорбозию танобкашӣ ва амсоли инҳо рақобат намуданд.

Мудири шуъбаи сайёҳии Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ҳуснигул Шерозова гуфт, ки «яке аз ҳадафҳои асосии мусобиқаи мазкур- ин баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ба хизмати Ватан-Модар омода намудани насли наврас мебошад».

Дар мусобиқаи вилоятӣ ба ҷуз ноҳияи Мурғоб дигар  аксари муассисаҳои таълимии  вилоят ширкат намуда, миёни ҳам аз намудҳои мухталифи бозиҳои варзишӣ-ҳарбӣ рақобат карданд.

Шарти аввали мусобиқа сафороӣ буд, зеро хизмати ҳарбии худро наваскарон дар кулли қисмҳои низомӣ маҳз бо сафороӣ оғоз мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар ҷавон пеш аз сафарбар шудан ба хизмати ҳарбӣ бо қадамзании бонизом, иҷрои амрҳои афсарон бояд аз наздик шиносоӣ дошта бошад. Маҳз чунин мусобиқаҳо имконият фароҳам меоранд, ки ҷавонон дониш ва маҳорату малакаи худро такмил диҳанд. Агар наврасон то хизмати ҳарбӣ доир ба тарзу амали сафороӣ ва дигар намудҳои ҳарбӣ-варзишӣ  маълумоти ибтидоии назариявию  амалӣ дошта бошанд, мушкилоти давраи аввали хизмати ҳарбиро ба осонӣ пушти сар мекунанд.

Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Хоруғ, ки асосан аз хонандагони Муассисаи давлатии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ иборат буд, ба поён расид.

Зимни супоридани ифтихорнома ва мукофоти пулӣ роҳбарони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба масъулини Бошгоҳи варзишию техникӣ, комиссириати ҳарбии вилоят, афсарони қисми низомӣ ва омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмун  минатдорӣ баён карданд.

Изҳори умед карда шуд, ки дастаи мунтахаби шаҳри Хоруғ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ низ маҳорату истеъдоди баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ мегардад.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2022 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст