111 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд
ДУШАНБЕ, 3.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 111 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода, устодони донишгоҳ ва наваскарон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ чун ворисони арзанда идома меёбад. Ҷавонони донишгоҳ имрӯз омодаанд дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ барои дигарон намунаи ибрат бошанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳудуди 100 нафар танҳо аз факултети ҳуқуқшиносӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 18 факултети дигари донишгоҳ низ омодаи хизмати содиқона ба Ватан мебошанд.


Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноию маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.
Ректори донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода барои ин гуна ҷавонон имтиёзҳо (мусоидат ба имтиҳоноти хатм ва қабули бе навбат ба магистратура)-ро муайян намуд.
АКС: ДМТ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






