200 нафар афсарони ҷавон Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар шумораи 28-уми хатмкунандагонро ба кори мустақилонаи ҳарбӣ ба сафи Артиши миллии мамлакат ва дигар сохторҳои қудратии кишвар гусел намуд, ки ба ин восита ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи беш аз 200-нафараи афсарони ҷавон зам шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, маросими бошукӯҳи ҷашнӣ ба муносибати хатми навбатии донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ чун ойини доимии низомиён бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид.
Зимни оғози маросим фармоиши Вазири мудофиа дар хусуси ба вазифаҳо таъйин намудани хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ироа карда шуд, ки тибқи он беш аз 200 нафар афсарони хуштолеи ин боргоҳи улуми низомӣ вобаста ба ихтисосҳои ҳарбиашон баҳри фаъолияти хизматӣ дар ҳайати сохторҳои қудратии мамлакат ба вазифаҳо таъйин карда шуданд.
Дар ҷараёни ин маъракаи муҳими низомӣ бо амри масъули донишкадаи мазкур ҳайати хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ба маркази майдони баргузории чорабинӣ бароварда шуда, аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, фармондеҳони навъи қӯшунҳо ва дигар афсарону устодони ин боргоҳи илми ҳарбӣ ба онҳо дипломи хатм супорида шуд.
Тайи солҳои охир раванди барномаҳои дарсӣ, сифати таълиму тарбия ва сатҳи омода кардани афсарони оянда дар Донишкадаи ҳарбӣ боз ҳам баланд гардида, имсол низ ин муассисаи олии таълимии ҳарбиро чанд тан аз курсантони фаъоли он бо баҳои аъло хатм намуданд.
Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки «маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави ғамхориҳои доимии ӯ нисбат ба низомиён имрӯз дар Донишкадаи ҳарбӣ тамоми шароити муосири хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ, пойгоҳҳои муҷаҳҳаз бо заминаҳои хубу намунавии моддӣ-техникӣ бунёд ва ба меъёру талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ мутобиқ гардонида шудаанд».
Роҳбарияти Вазорати мудофиа маросими хатми донишҷӯёнро рӯйдоди хеле хотирмону фаромӯшнопазир дар ҳаёти афсарони ҷавон арзёбӣ намуда, ба онҳо дар ин роҳи пуршараф ва хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи Ватан, давлату миллат, таҳкими истиқлол ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Баъд аз анҷоми қисмати расмӣ гузашти низомии афсарони ҷавон дар як саф бо ҳайати устодону дигар курсантон доир гардид, ки тантанавор сафкашиву паҳлу ба паҳлу қадамзании онҳо аз назди минбар, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ аз ороишҳои асосӣ ва анҷомбахши ин маросими бошукӯҳи ҷашнӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат соли 2001 дар заминаи Коллеҷи олии ҳарбӣ, ки ҳанӯз аз соли 1993 амал менамуд, таъсис ёфтааст. Он дорои тамоми шароити муосири таълимӣ буда, мутахассисони варзидаи низомӣ омода менамояд. Донишкадаи ҳарбӣ аз 3 факултет, 10 кафедра ва 5 сикл иборат буда, он аз рӯйи 18 ихтисос афсарони касбӣ омода мекунад. Таҳсил дар Донишкадаи ҳарбӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, ҳар сол ба ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ҳудуди 400 нафар донишҷӯ қабул карда мешаванд. Аз ин шумора 250 нафар донишҷӯён дар Донишкадаи ҳарбӣ ва 150 нафари дигар барои фиристодан ба кишварҳои хориҷӣ қабул гардида, дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳоноти давлатӣ онҳо ба муассисаҳои олии таълимии ҳарбии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Узбекистон ва Озарбойҷон равон карда мешаванд. Бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимони кулл, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат квота пешбинӣ шудааст, ки ин гуна довталаб бо гирифтани имтиёз тариқи суҳбат ба Донишкадаи ҳарбӣ қабул мегардад.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид






