Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Брюссел сафар намуд

Май 13, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар чаҳорчӯбаи барномаи Ҷаласаи lX Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Аврупо мулоқоти ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ноиб-президенти Парлумони Аврупо Ҳейди Ҳаутала баргузор гардид.

Зимни мулоқот масоили мухталифи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо бо тамаркуз ба масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба низоми умумии имтиёзоти GSP+ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар ин рӯз мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистон зери роҳбарии сенатор Тим Ванденпут баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои дӯстона роҳҳои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгияро баррасӣ намуда, ҳамзамон роҷеъ ба муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, вазъият  дар Афғонистон ва тамоюлҳои кунунӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ равона шуд.

АКС: Сафорати ҶТ дар Шоҳигарии Белгия

Май 13, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мешавад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд