Ғайриқонунӣ бо худ гирифтани силоҳи сард ҷиноят аст! Зимни амалиёти шартии «Корд» як далели қонуншиканӣ ошкор шуд

Май 31, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 31.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» зимни пешбурди корҳои санҷишӣ як далели бо худ гардонидани силоҳи сардро муайян намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Зимни баргузории амалиёти «Корд» дар марҳилаи навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Зарипов Завқибек Давлаталиевич, санаи таваллудаш 30.11.1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир ва аз ӯ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ӯ санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд.

АКС: РВКД дар ш. Душанбе

Май 31, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд