Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шахри Санкт-Петербург баргузор гардид, дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Рустам Латифзода дар баробари вакилони парлумони кишварҳои муштаракулманофеъ лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи бехатарии экологӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ»-ро дар таҳрири нав баррасӣ намуд.
Аъзои комиссияи доимӣ ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи фондҳои экологӣ», «Дар бораи занбӯри асалпарварӣ» ва «Дар бораи арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии аҳолии ҳудудҳои ҳамсоя»-ро баррасӣ намуданд.
Соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ эълон шудааст, бинобар ин вакилони порлумон нақша доранд дурнамои татбиқи қонуни намунавӣ «Дар бораи рушд ва ҳифзи ҳудудҳои кӯҳистон»-ро, ки аз ҷониби Комиссияи доимии СММ таҳия шудааст, арзёбӣ кунанд.
Вакилони парлумон ва коршиносон ҳамчунин самтҳои асосии қонунгузориро муайян намуданд, ки дар онҳо дар се соли оянда таҳияи қонунгузории намунавӣ дар соҳаи сиёсати кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва экология муайян карда шудааст.
Акс: МН МО ҶТ








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






