Ҷаласаи Ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлон дар соҳаи иҷтимоӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи Ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлон дар соҳаи иҷтимоӣ ҷиҳати иҷрои банди 39 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон (24 феврали соли 2022) бармеоянд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, забон ва истилоҳот, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Дар он раиси ҷаласа, Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз намуд, ки 24 феврали соли ҷорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он тамоми паҳлӯҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар зимн роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дастур гирифтанд, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи вилоят тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бо ин мақсад, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён дошта буданд, ба тасвиб расид. Банди 39 он таъсиси ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлонро дар соҳаи иҷтимоӣ тақозо менамояд. Дар асоси банди мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз 21 апрели соли 2022 ҳайати ситод тасдиқ гардида, аъзои ситод вазифадор шудаанд, ки соҳаи иҷтимоии вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, вобаста ба мушкилоти мавҷуда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва баҳри бартараф намудани онҳо тадбирҳо андешанд.
Зимни ҷаласа инчунин роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон сухан гуфта, таклифу пешниҳодоти худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи иҷтимоии вилояти Хатлон пешкаш намуданд.
Дар хатми ҳамоиш қарор қабул гардид, ки ситод моҳе як маротиба ҷаласа доир намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд






