Ҷаласаи Ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлон дар соҳаи иҷтимоӣ доир шуд

Май 4, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи Ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлон дар соҳаи иҷтимоӣ ҷиҳати иҷрои банди 39 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон (24 феврали соли 2022) бармеоянд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, забон ва истилоҳот, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар он раиси ҷаласа, Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз намуд, ки 24 феврали соли ҷорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он тамоми паҳлӯҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар зимн роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дастур гирифтанд, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи вилоят тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бо ин мақсад, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён дошта буданд, ба тасвиб расид. Банди 39 он таъсиси ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби роҳбарони мақомоти марказӣ ва вилояти Хатлонро дар соҳаи иҷтимоӣ тақозо менамояд. Дар асоси банди мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз 21 апрели соли 2022 ҳайати ситод тасдиқ гардида, аъзои ситод вазифадор шудаанд, ки соҳаи иҷтимоии вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, вобаста ба мушкилоти мавҷуда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва баҳри бартараф намудани онҳо тадбирҳо андешанд.

Зимни ҷаласа инчунин роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон сухан гуфта, таклифу пешниҳодоти худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи иҷтимоии вилояти Хатлон пешкаш намуданд.

Дар хатми ҳамоиш  қарор қабул гардид, ки ситод моҳе як маротиба ҷаласа доир намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 4, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст