Ансамбли фолклорию этнографии «Бибиҳо»-и Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Баҳори Бойсун» сазовори ҷойи дуюм гардид

Май 10, 2022 15:43

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ансамбли фолклорию этнографии «Бибиҳо»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таҳти роҳбарии Марям Исоева дар самти фолклории Фестивали байналмилалии «Бойсун баҳори» («Баҳори Бойсун») миёни 30 кишвари ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов.

Фестивали мазкур аз 7 то 8 май дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон доир гардида, дар он ҳунармандони Тоҷикистон, Британияи Кабир, Фаронса, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳунарнамоӣ карданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ низ иштирок намуданд.

Дар доираи фестивал мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои миллӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ, консерту сайругашти оммавӣ низ доир гардиданд.


Ғолибону ҷоизадорон бо дипломҳои махсус, туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзи фестивал ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Фестивали мазкур дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Баргузории ҷашнвораи бонуфуз дар ноҳияи Бойсун бо арзиши беназир ва мероси ғании фарҳангии ғайримоддии хеш маънои амиқ дорад, зеро соли 2001 фазои фарҳангии Бойсун ба ЮНЕСКО ҳамчун «шоҳкори мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии башарият» шомил карда шуд. Моҳи майи соли 2002 дар ноҳияи Хушманзара аввалин ҷашнвораи кушоди фолклории ҳунармандони мардумии Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардида буд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 10, 2022 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд