Ба беморхонаи марказии Панҷакент маводи дорувории «Инвокана» тақдим карда шуд

Май 21, 2022 08:51

ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар идомаи давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз номи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент миқдори зиёди дорувории «Инвокана», ки барои бемориҳои қанд пешбинӣ гардидааст, тақдим гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад.

Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона мешавад.

Фаъолияти ҳизб барои мусоидат намудан ба гузаронидани ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот, таъмини иҷрои самараноки «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ”, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва маводи доруворӣ ва таблиғу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона мегардад.

Маводи дорувориро роҳбарияти муассиса дар ҳузури муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ қабул намуда, ба роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва талошҳои пайгирона ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуд.

Акс: КИМ ҲХДТ

Май 21, 2022 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»