Ба беморхонаи марказии Панҷакент маводи дорувории «Инвокана» тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз номи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент миқдори зиёди дорувории «Инвокана», ки барои бемориҳои қанд пешбинӣ гардидааст, тақдим гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад.
Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона мешавад.
Фаъолияти ҳизб барои мусоидат намудан ба гузаронидани ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот, таъмини иҷрои самараноки «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ”, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва маводи доруворӣ ва таблиғу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона мегардад.
Маводи дорувориро роҳбарияти муассиса дар ҳузури муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ қабул намуда, ба роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва талошҳои пайгирона ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуд.
Акс: КИМ ҲХДТ








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!






