Ба собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонии шаҳри Турсунзода кумакпулии Пешвои миллат супорида шуд
ТУРСУНЗОДА, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ собиқадорони ҷанг аз шаҳри Турсунзода бо кумакпулии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми понздаҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба аёдати иштирокчиёни ҷанг рафта, кумакпулиро ба онҳо супориданд.
Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода изҳор дошт, ки шуҷоату диловарии ҳар як иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Собиқадорони ҷанг барои дастгирии навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат, бахусус ба Пешвои миллат арзи сипос намуда, ҷиҳати шукуфоӣ ва фардои дурахшони Ватан дуои хайр карданд.
Тавре котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирўз Холиқов иттилоъ дод, ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар пояи «Лавҳаи хотира»-и шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии деҳаи Қаратоғ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Зикр гардид, ки шаҳидони ҷанг абадзиндаанд ва меҳнаткашони ақибгоҳ, ки асосан модарон, пирону кӯдаконро ташкил медод, меҳнати вазнину сангинро иҷро намуда, охирин бурдаи нони худро ба фронт равон карданд ва дар таъмини ғалаба бар фашизм саҳми муносиб гузоштанд.
Дар чорабинӣ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳр доир ба ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷои миллат маърӯза ва шеърҳои ватанпарастона қироат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода ба ҷанг сафарбар гардида, зиёда аз 2200 нафари онҳо шаҳид шуданд.
Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода 572 нафар ба майдони ҷабҳа бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо ҷавонмардона муҳориба бурданд ва шаҳид гардиданд.
Соли равон 77-солагии иди Ғалабаро дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 2 нафар собиқадорони ҷанг ва 4 нафар меҳнаткашони ақибгоҳ ҷашн мегиранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






