БОКС. Имрӯз дар шаҳри Истанбул Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон оғоз мешавад

Май 6, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Истанбули Туркия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон оғоз мешавад, ки то 21 май идома ёфта, дар он 4 муштзанбонуи тоҷик иштирок мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Аз аввалин чемпионати ҷаҳон миёни бонувон 20 сол сипарӣ шуда, сол то сол шумораи иштирокчиён меафзояд. Дар мусобиқаи Истанбул иштироки 419 варзишгар аз 93 давлати дунё дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин сафар сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.

Қабл аз чемпионат варзишгарон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат гирифта, фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ҳар вазн ғолибону ҷоизадорон ҳамон маблағеро мегиранд, ки мардҳо дар чемпионати ҷаҳон-2021 гирифта буданд:

Ҷои 1: 100000 доллари ИМА;

Ҷои 2: 50000 доллари ИМА;

Ҷои 3: 25000 доллари ИМА;

Ҷои 3: 25000 доллари ИМА.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон Тоҷикистон як медал дорад. Соли 2012 дар Синхуандаои Чин варзишгари маъруфи кишвар Мавзуна Чориева медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар доираи чемпионат ҳамчунин Конгресси ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баргузор мегардад, ки дар он президенти ассотсиатсия ва аъзои Шӯрои директорони ассотсиатсия интихоб мегарданд. Ба вазифаи президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс номзадии ду нафар – Умар Кремлев (Русия) ва Борис ван дер Ворст (Нидерланд) пешниҳод шудааст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 6, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад