Дабири кулли СҲШ нақши мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистонро дар назорати маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд

Май 25, 2022 10:05

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Дабири кулли Созмони  ҳамкории Шанхай Чжан Мин зимни мулоқот бо Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода нақши Агентӣ ва саҳми мақомоти салоҳиятдори кишварро дар самти назорати маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Дар мулоқот Ҳабибулло Воҳидзода оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба Чжан Мин маълумот пешниҳод кард.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷараёни татбиқи стратегияву барномаҳои зиддимухаддиротии қабулшуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Директори Агентӣ бори дигар таваҷҷуҳи Дабири кулро ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ ҷалб намуда, зарурати таъсиси онро таъкид кард.

Чжан Мин нақши Агентӣ ва саҳми мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистонро дар самти назорати маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, доир ба масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ андешаҳояшро иброз дошт.

Дабири кулли СҲШ аз фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ дидан карда, дар сӯзонидан ва нобуд кардани маводи нашъаовар иштирок намуд.

Ёдовар мешавем, ки Дабири кулли СҲШ дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом дода, аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2022 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд