Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ намуданд

Май 23, 2022 14:28

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  20 май дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар давраи баъд аз пандемия» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар он сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов,  аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода,  ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода, сардорон ва роҳбарони якчанд раёсат ва хадамоти зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода ифтитоҳ намуда, доир ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мухтасар сухан гуфт.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат гуфт, ки “новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 маҳз бо талош ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар кишвар таъмин гардид. Махсусан дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ва бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо идома ёфта, дар кишвар якчанд иншооти нави тиббӣ ба истифода дода шуданд”.

Зикр гардид, ки дар давраи пандемияи COVID-19 ва баъди он низ дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хосатан пиронсолон ва маъюбону ятимон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба самтҳои дигари соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат маълумот пешниҳод намуд.

Сипас, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба саволҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар посухҳои мушаххас дод.

Дар анҷоми ҷаласа қарори ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи баррасишуда қабул карда шуд.

Акс: ФИКМТ

Май 23, 2022 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд