Дар Ашқобод имкони интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон муҳокима шуд

Май 23, 2022 14:51

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон 20 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод  Фаррух Шарифзода бо  Директори генералии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (NAPECO)-и Туркманистон Мақсат Пирлиев мулоқот кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки коркарди нафт ва маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла имкони интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон  табодули назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 12 май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти тозаинтихоби Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедовро бинобар ба ин маснади олӣ интихоб гардиданашон табрик гуфта, дуруди гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба он ҷониб расонданд.

Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карда шуд. Зимнан, нақши робитаҳои байнипарламентӣ дар тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар асоси заминаи васеи ҳуқуқӣ рушд меёбанд. Туркманистон батадриҷ ба яке аз шарикони пешбари иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ тавассути татбиқи Барномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 изҳор намуданд.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 23, 2022 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид