Дар Чин ҳавопаймо бо 122 мусофир оташ гирифт

Май 13, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Чин ҳавопаймои мусофирбари ширкати Tibet Airlines бо 122 мусофир ҳангоми парвоз аз хатти парвоз берун шуда, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тсзянбэйи тобеи ҳукумати марказии Чунтсин дар ҷанубу ғарби Чин оташ гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии давлатии «Синхуа» хабар додааст.

Тавре дар изҳороти ширкати ҳавопаймоӣ омадааст, ҳодиса тахминан соати 08:09 ба вақти маҳаллӣ (05:09 Душанбе.– Тавзеҳи АМИТ Ховар») рух додааст. Дар дохили ҳавопаймо 122 нафар будаанд. Ҳамаи онҳо ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаву миёнашон зарардидагон ҳастанд. Маълумот дар бораи фавтидагони эҳтимолӣ нест, сабабҳои садама ҳанӯз аниқ карда нашудаанд. Маълумот дар бораи зарардигон аниқ карда мешавад.

Телевизиони марказии Чин хабар дод, ки хатти парвоз, ки дар он ҳодиса рух додааст, баста шудааст ва ҳавопаймоҳо аз он на парвоз мекунанду на фуруд меоянд. Парвозҳои ба Чунтсин таъйиншуда қисман ба фурудгоҳи байналмилалии Шуанлюи шаҳри Чендуи музофоти Сичуан интиқол дода шуданд.

Ин дуввумин садамаи бузурги ҳавопаймоӣ аст, ки соли равон дар Чин рух медиҳад. Ҳавопаймои Boeing, ки дар хатсайри MU5735 аз Кунмин ба Ганчжоу парвоз анҷом медод, 21 март дар ноҳияи Тенг, шаҳри Вучжоу дар вилояти мухтори Гуанси-Чжуан дар ҷануби Чин суқут кард. Дар ҳавопаймо 132 нафар, аз ҷумла 123 мусофир ва 9 узви экипаж буданд, ки ҳама фавтида эътироф шудаанд. Сабабҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо, ки аз соли 2015 ба ин сӯ истифода мешавад, ҳанӯз маълум нестанд. Коршиносон таҳқиқи қуттиҳои сиёҳи пайдошударо идома медиҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 13, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад