Дар доираи ташаббуси нави ҲХДТ «Роҳ ба сӯи маориф» якумин «Соати сиёсӣ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалиёти муштараки «Роҳ ба сӯи маориф» дар тамоми муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар мавзӯъҳои “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳувияти миллӣ”, “Вазъи бавуҷудомада дар ҳамсоякишвар — Афғонистон ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ” ташаббуси ҳизбӣ- “Соати сиёсӣ» доир гардид. Аз ҷумла, 30 апрел дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и шаҳри Бохтар ин иқдом бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён баргузор шуд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
«Амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” омили бедории зеҳнии наврасону ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар кори шинос гардонидани насли ҷавон бо равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҷиҳати аз бар намудани асосҳои сиёсати давлат, пуштибонӣ аз арзишҳои миллату давлатдорӣ дар ташаккули афкори наврасону ҷавонон нақши муассир мегузорад», — иброз дошт раиси Кумита.
Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур- баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.


Ёдовар мешавем, ки нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони “Роҳ ба сӯи маориф” аз ташаббусҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон буда, 20 апрел бо иштироки масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят муаррифӣ гардид. Дар доираи он ду ташаббус – “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” мунтазам доир мегарданд.
Ташаббуси мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон (24.02.2022) ва дастурҳои Пешвои миллат дар доираи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ҳамчун идомаи ташаббускориҳо ҷиҳати таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.
АКС аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






