Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 май Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Юсуф Қурбонов вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкории судманди дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди дуҷонибаро дар чаҳорчӯби Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои солҳои 2022-2025 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад. Аз соли 1993 бо оғози фаъолияти Намояндагии минтақавии UNODC бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ шурӯъ шуд.
Созмони мазкур дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории байналмилалӣ дар ҷаҳон пешсаф буда, дар тамоми манотиқи олам тавассути шабакаҳои васеи дафтарҳои саҳроӣ фаъолият ба роҳ мондааст.
UNODC дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барномаву тарҳҳои худро роҳандозӣ менамояд, ки ҳамаи онҳо ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ ва қочоқи одамон, табобати нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими зарфияти кормандони сохторҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва расонидани кумаки техникӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудаанд.
Созмони мазкур дар Тоҷикистон якчанд барномаву лоиҳаҳоро, аз қабили лоиҳаи “Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон”, лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – марҳилаи II”, Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2015-2019, 2022-2025), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайраро амалӣ менамояд.
Намояндагони кишвар дар ҳама чорабиниҳои ин созмон, аз ҷумла вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ, машварату тренинг ва амалиёт пайваста фаъолона иштирок менамоянд. Яке аз чорабиниҳое, ки ҳамасола Вазорати корҳои хориҷӣ муштаракан бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC баргузор менамояд, муаррифии Шарҳи вазъи маводи мухаддир тайи ҳар соли сипаришуда мебошад.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






