Дар Душанбе даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон оғоз гардид

Май 27, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон – вохӯрии мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шӯроҳои амният оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба амнияти миллӣ Аджиту Довал, Котиби Шӯрои Олии амнияти миллии Эрон Алӣ Шамхонӣ, ёрдамчии Президент – Котиби Шӯрои амнияти Қазоқистон Асет Исекешев, Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаҳои амният Чен Гопин, Раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов, Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ва Котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Виктор Маҳмудов иштирок доранд.

Интизор меравад, ки масъалаҳои вазъ дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳо ба кишварҳои минтақа, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд баррасӣ гарданд.

Бояд тазаккур дод, ки дирӯз дар Душанбе Насрулло Маҳмудзода бо котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев мулоқоти корӣ анҷом дод. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами таъмини амният табодули афкор карда, ҷараёни рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро зикр намуданд ва ҳавасмандии худро ба таъмиқи муносибатҳои иттифоқӣ иброз доштанд.

Ёдовар мешавем, ки даври 3-юми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон 10 ноябри соли 2021 дар Деҳлии Нав — пойтахти Ҳиндустон баргузор гардида буд. Дар он мушовирон оид ба амнияти миллӣ/котибони Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок доштанд. Тоҷикистонро котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид