Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ин нукта зимни вохӯрии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглуро зикр карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Чанде қабл Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглуро ба ҳузур пазируфт ва зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи СММ ва Кумита дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ташкили Форуми навбатии Ҷаласаи минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Раиси Кумита дар бораи захираҳои мавҷудаи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, девораҳои оҳану бетонӣ, тӯрҳои ҳимоявӣ дар анборҳои Кумита маълумот дод. Вай зикр намуд, ки бо мақсади вокунишҳои сареъ ба селҳои эҳтимолӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва дигар офатҳои табиӣ бояд шумори захираҳо афзуда шавад ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз СММ мехоҳад дар ин масъала кумак намояд.
Раиси Кумита ба С. Синаноглу гуфт, ки моҳи ноябри соли 2021 дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон — шаҳри Тошканд Форуми минтақавии роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда, дар поёни он протоколе ба имзо расид, ки механизмҳои ҳамкории минтақавӣ миёни идораҳои наҷоти ин кишварҳо дар он пурра инъикос шуда буданд. Ҳамчунин дар ин протокол қарор шуда буд, ки Форуми навбатӣ моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баргузории ин чорабинии басо муҳими байналмилалиро дар сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу ба ҳалли вазифаҳои дар пешистода дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи РЕАКТ изҳори умед намуд.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






