Дар Душанбе Лоиҳаи таъсиси маркази таълимӣ ва татбиқи ошпазию қаннодӣ оғоз гардид

Май 17, 2022 16:26

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Литсейи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе Лоиҳаи таъсиси маркази таълимӣ ва татбиқи ошпазӣ ва қаннодӣ оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.

Дар маросими оғози кори лоиҳа роҳбарияти Кумита ва Дафтари ТИКА дар Душанбе иштирок намуданд.

Литсейи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар соҳаи сайёҳӣ аз соли 2008 ба роҳ монда, имрӯзҳо аз рӯи ихтисосҳои “Туроператор”, “Турагент”, “Роҳбалад”, “Ошпаз-қаннод”, “Ошпази таомҳои хориҷӣ”, “Низоми компютерӣ ва интернет- технология”, “Ҳисобдор бо донистани компютер”, “Фурӯшанда-ташкилотчӣ” ва “Назоратчӣ-фурӯшанда” мутахассис омода месозад.

Дар Литсей хонандагон дар заминаи синфи 11 як сол ва дар заминаи синфи 9 ду сол таҳсил менамоянд.

Ҳоло дар муассисаи таълимии мазкур 500 нафар таҳсил намуда, ҳамасола онро зиёда за 200 нафар бо ихтисосҳои “Туроператор”, “Турагент”, “Роҳбалад”, “Ошпаз-қаннод”, “Ошпази таомҳои хориҷӣ”, “Системаи компютерӣ ва интернет технология”, “Ҳисобдор бо донистани компютер”, “Фурӯшанда-ташкилотчӣ” ва “Назоратчӣ-фурӯшанда” хатм менамоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ- таъмини мутахассисони соҳибтаҷриба дар иншооти қабулу хизматрасонӣ мебошад. Амалишавии Лоиҳаи таъсиси маркази таълимӣ ва татбиқи ошпазию қаннодӣ ба босифат гузаронидани машғулияти дарсӣ ва омода кардани кадрҳои ихтисосманд мусоидат менамояд.

Тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Май 17, 2022 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд