Дар Душанбе нишасти тадорукотию ташрифотии Конфронси дуюми оби Душанбе баргузор гардид

Май 16, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе 13 май таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва ҳузури роҳбарияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва шаҳру ноҳияҳои кишвар Нишасти тадорукотию ташрифотии Гурӯҳи корӣ доир ба танзими Марафони ҷаҳонии об дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишаст иштирокчиён доир ба раванди омодагӣ ба ташкили давраҳои марафон ва масирҳои он дар қаламрави Тоҷикистон дар ростои дастури Роҳбари Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе табодули андеша намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Марафони ҷаҳонӣ дар Рӯзи ҷаҳонии об – 22 марти соли 2022 оғоз гардида, то 22 марти соли 2023, яъне таърихи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар Ню-Йорк давом мекунад. Қисмати марбут ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказии марафон дар моҳҳои май-июни имсол доир карда шуда, аз баҳри Арал то ба пиряхи Федченко дар Тоҷикистон расида, дар шаҳри Душанбе дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе анҷом меёбад.

Ҳадафи марафон мусоидат ба расидан ба ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни обу иқлим бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Мина Гули – давандаи австралиягӣ, муассис ва Директори генералии Фонди «Thirst» бо ҳайаташ 15 май дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» дар шаҳри Панҷакент ворди Тоҷикистон шуданд.

Хонум Мина Гули иштирокчии Марафон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 буда, бо ҳайати ҳамроҳаш аз беҳтарин маконҳои сайёҳии кишвар дидан менамоянд.

ДАР АКС: Мина Гули – давандаи австралиягӣ, муассис ва Директори генералии Фонди «Thirst» бо ҳайаташ дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» дар шаҳри Панҷакент.

АКС: ВКХ ҶТ/Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 16, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт