Дар Душанбе оид ба дурнамои рушди ҳамгироии илм ва истеҳсолот Форуми байналмилалӣ доир шуд

Май 23, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мусоидати Маркази байналмилалии илмию техникӣ таҳти унвони “Ҳамгироии илм ва истеҳсолот – дурнамои рушд” дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Форуми мазкур нахустин ҳамоиши васеъ мебошад, ки бо иштироки муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ (шарикони рушд) дар заминаи шуъбаи навтаъсис — шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ ташкил гардид.

Дар Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки “ҳамоиши имрӯза бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кулли мардум, алалхусус ба мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва корхонаҳои саноатӣ бо мақсади татбиқ намудани онҳо дар амал баргузор гардид. Илм бояд ба халқу миллат хизмат намояд”.

Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза истифода намудани натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар амал барои ҳамаи тарафҳои манфиатдор, махсусан пешрафту тараққиёти ҷомеа ва давлат, корхонаҳои саноатию ширкатҳои истеҳсолии хусусӣ ва баланд бардоштани мақоми илму мартабаи олимон судманд мебошад.

Барои дарк намудани ҳолати ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар шароити имрӯзаи кишвар ва муқоиса намудани он бо кишварҳои пешрафта бояд зикр намуд, ки дар Ҷопон ва Амрико аксарияти олимон дар соҳаи саноат фаъолият менамоянд. Ин нишондиҳанда мувофиқан 64% — 81%-ро ташкил медиҳад ва ҳиссаи олимоне, ки дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии давлатӣ фаъолият мекунанд, қиёсан кам буда, мутаносибан 5% — 4%-ро ташкил медиҳад. Мутаассифона, ин нишондиҳанда дар кишвари мо баръакси ҳол мебошад ва ҳатто аз он ҳам бештар аст, яъне аксари олимони мо дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатӣ фаъолият мекунанд, ки ин яке аз нишонаҳои дур будани илм аз истеҳсолот ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин мушкилӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ибрози ақида ва нигаронӣ намудаанд. Ҳанӯз 7 сол пеш дар Паёми соли 2015 Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки “бо вуҷуди дастовардҳои муайяни илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, воридшавии инноватсия дар низоми илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди илмҳое, ки бо иқтисодиёти кишвар робитаи бевосита доранд, ҳамчун масъалаи мубрами рӯз боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҳамкориро бо АМИТ тақвият бахшида, ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Бояд гуфт, ки дар форуми мазкур 22 лоиҳаи илмӣ аз 10 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин дар форум намоиши дастовардҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба маърази тамошои меҳмонон ва иштирокчиён гузошта шуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 23, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст